Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ҳукми раиси ҷумҳурро ғайриқонунӣ ҳисобид


NK

Имрӯз додгоҳи олии Покистон ба нафъи Ифтихор Муҳаммад Чоудрӣ, раиси Девони Олии Покистон, ҳукм содир кард.


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Покистон, оқои Чоудриро ба сабаби, ба ақидаи ӯ, суистифода аз мақом аз кор барканор карда буд. Баъди ин Ифтихор Муҳаммад Чоудрӣ барои додхоҳӣ ба Додгоҳи олии кишвар алайҳи раиси ҷумҳур шикоят бурд.


Феълан Додгоҳи Олии Покистон тасмими раиси ҷумҳурро дар мавриди барканории Раиси Девони олии Покистон ғайриқонунӣ ҳисобид.


Ин ҳам дар ҳолест, ки Шавкаи Азиз, нахуствазири Покистон, низ ҳукми Додгоҳи Олиро дар мавриди қазияи Ифтихор Муҳаммад Чоудрӣ ба расмият шинохтааст.
XS
SM
MD
LG