Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷилавгирӣ аз маҳфиле бо Муҳиддини Кабирӣ


-- Баҳси тунду тези додгоҳии Корхонаи Алюминиуми Тоҷикистон бо ширкати русии «РусАл» аз мавзӯъҳои доғи ҳафтаномаҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта ба шумор меояд.

Ҳафтаномаи мустақили «Миллат» ин баҳсро «Ҷангҳои алюминиумӣ» унвонгузорӣ карда, овардааст, ки ширкати «Талко» дигарбора алайҳи «РусАл» эътироз намуда, ба додгоҳе дар ҷазоири Вирҷиния шикоят бурдааст. Дар матлаб омадааст, ин шикоят ба аъмоли Абдуқодир Эрматов, раиси пешини «ТадАЗ» марбут аст, ки, гуфта мешавад, аз раҳбари ширкати «Ансол» Аваз Назаров, яке аз таъминкунандагони Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон бо гилхок, ришва гирифтааст.
Ҳаминтавр, дар шикояти «Талко» гуфта мешавад, ки «РусАл» аз ин муомилот огоҳ буда ва аз он ба нафъи худ истифода кардааст.

Ҳафтаномаи русизабони «Собития» низ дар ҳамин мавзӯъ як мақолаи муфассал дар се саҳифа чоп намуда, ҳамзамон акси Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назровро, ки гунаҳкорони аслӣ дар ин баҳс дониста мешаванд, ҷой дода ва навиштааст: «Инҳо дар пайгарди байнулмилалӣ қарор доранд».
Ин нашрия ҳамчунин раддияи намоянадагии «РусАл» дар Тоҷикистонро овардааст. Дар он гуфта мешавад, ки иддаои «Талко» бебунёд аст ва, гузашта аз ин, таъкид шудааст, ки Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон бо пешинҳоди ин шикоят ба додгоҳи ҷазоири Вирҷиния мехоҳад аз масъулияти пардохти 312 миллион доллар ба ин корхона, сарпечӣ кунад.

Ҳоло ин баҳсҳоро дар ҳаминҷо мегузорем ва мебинем, ки ҳафтаномаҳо боз ба кадом масоили муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳ кардаанд.

Ҳафтаномаи «Наҷот» як эътирози ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро ба нашр расондааст, ки дар он рафтори раиси ҳукумат ва мақомоти дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи шӯрои сиёсии ин ҳизб маҳкум шудааст.
Додситонии ин вилоят аз мулоқоти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки вакили Маҷлиси намояндагон низ мебошад, дар Хоруғ ҷилавгирӣ намудааст ва ҳамчунони раиси ҳукумати вилоят аз қабули роҳбарони ин ҳизб худдорӣ кардааст.
Дар саҳифаи дигари ҳамин нашрия аз қавли Додситони кулли Тоҷикистон оварда шудааст, ки танҳо дар 6 моҳи соли равон 50 корманди соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми бадрафторӣ боздошт шудаанд.

Бахши аъзами саҳифаҳои матбуоти ин ҳафтаро мақолаву навиштаҳо ба муносибати Рӯзи забон, ки 22 июл таҷлил хоҳад шуд, дар бар гирифтааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» суол додааст, ки оё забони тоҷикӣ воқeан мақоми давлатӣ гирифтааст? Яке аз мусоҳибон мегӯяд, ки на дар коргузории давлатӣ ва на дар нишасту бархостҳо забони давлатӣ ба эътибор гирифта намешавад ва, агар дар ҳамоишҳову нишастҳо ақаллан як рус ва ё як тоҷике, ки тоҷикӣ намедонад, ҳузур дошта бошад, ҳама ба забони русӣ суҳбат мекунанд.
XS
SM
MD
LG