Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазои бастаи радио ва телевизион


Ширкаткунундагони як нишаст дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ин кумисюн дар аксари маворид аъзои худро ҷиҳати ширкат дар иҷлосия ва баррасии пешниҳодот гирд оварда наметавонад ва ба ин далел даҳҳо дархости муассисаҳо барои гирифтани муҷаввизи пахши барномаҳои телевизон ва радио бепосух монадааст.

Гуфта мешавад, то кунун 20 шахси ҳуқуқӣ интизори гирифтани муҷаввиз барои пахши барнома мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини кумисюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон нокифоятии кори худро рад мекунанд ва мегӯянд, надодани муҷаввиз ба родию ва телевизюнҳои мустақил ба фаъолияти ин кумисюн рабте надошта, балки омилҳои дигаре дорад. Нишон надодани манбаъи даромад ва сармоягузорӣ, таҳияи нодурусти аснод барои гирифтани муҷаввиз, риъоят нашудани тартиби ироаи мадорик аз ҷумлаи ин омилҳо баршумурда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, халои иттиоотӣ ва адами мавҷудияти телевизюнҳои мустақил метавонад ба амнияти иттилоотӣ хатар эҷод кунад.

Коршинсон мегӯянд, масъалаи муҷаввиздиҳӣ ба расонаҳо дар шароити кунунӣ қонеъкунанда нест ва ин таҳдиди мустақим ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон аст.

Ба ақидаи ин коршиносон, феълан дар кишвар як халоъи иттилоъотӣ ҳоким аст. Як коршиноси мустақили тоҷик дар ин робита мегӯяд: «Расонаҳои саросарии мо каманд ва дар ҳамин ҳол мардум имкони интихобро ҳам надоранд ва ин аст, ки онҳо ғайриихтиёр аз расонаҳои русӣ ва узбакӣ истифода мекунанд. Ҳамчунин истифодаи мардум аз расонаҳои хориҷӣ боис мешавад, ки афкори умумиро дар Тоҷикистон он расонаҳо шакл медиҳанд, на расонаҳои тоҷикӣ. Ва, бадеҳист, ки ин вазъ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ аст».
XS
SM
MD
LG