Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оштиномаи "Озодӣ" куҷост?


Посух ба дархости як хонанда

Мухлиси сомонаи мо Ашӯри Назарзода навиштааст:

"Пахши такрории силсилагуфтори "Фақат ба хотири сулҳ" иқдоми баҳангоме буда, ба вижа барои онҳое ки дар пахши аввал онро нашуниданд. Аммо ҷустуҷӯи банда дар сомонаи интернетӣ маро раҳгум занонд. чунки ҷойгузинии матн ва садоҳои барнома як тартиби муайян надорад ва ман зиёд ба он сарфаҳм рафта натавонистам. Хуб мебуд, агар бо як назми муайяне кор мекардед, ки дарёфт ва мутолиаи гуфторҳоро осонтар мегардонд..."

Дарвоқеъ, агар тартиби нашри матн ва забти барнома барои ин дӯсти фарзона "дарди сар" эҷод карда бошад, самимона узр мехоҳем. Вале паёми ӯ боз аз он лиҳоз муҳим аст, ки дар қатори дигар номаҳои хонандагон роҳҳои беҳбуди тарҳи сомонаи моро пешниҳод мекунанд. Дар омади гап, ба ҳамаи ёрон мужда медиҳем, ки ба зудӣ манзараи сафҳаи умумӣ ва бахшбандии он ба куллӣ тағйир хоҳад хӯрд ва як сомонаи пешрафтаву муносибе ба хонандагон ва истифодабарандагон пешкаш хоҳад гардид. Бино бар ин, агар шумо пешниҳодҳои мушаххасе доред, лутфан барои мо бинависед ва дар ин рӯзгори эҷод шудани тарҳи нави сомона онҳо аҳамияти ҷиддие касб хоҳанд кард.

Бинависед, ки ба диди шумо, сомонаи мо бояд чӣ шакле дошта бошад. Чӣ чизҳо дар ин сомона ба шумо маъқуланд ва аз кадом чизҳо хушатон намеояд? Одати шумо дар боз кардан, дидан, хондан ва чоп кардани маводи ин сомона аз чӣ қарор аст? Бовар дошта бошед, ки ҳамаи фикру андешаҳои шумо ба эътибор гирифта хоҳанд шуд. Ин сомонаи шумост ва хуб аст, агар дар тағйиру ташаккули он саҳм бигиред...

----------------------------------------------------------------------
Дар ин байн, ин ҷо талош мекунем, ҳамаи бахшҳои вижагуфтори "Фақат ба хотири сулҳ"-ро дар як низоми ягона тақдиматон дорем:

Фасли аввал -- Дар баёни мавзӯъ
Фасли дуввум -- Дар баёни сабабҳои ҷанги Тоҷикистон
Фасли саввум -- Дар баёни хостҳои тарафҳо
Фасли чаҳорум -- Дар баёни ҷавҳари тавофуқҳо
Фасли панҷум -- Дар баёни омилҳои дохилӣ ва беруна
Фасли шашум -- Дар баёни натиҷаҳои даҳсола
XS
SM
MD
LG