Пайвандҳои дастрасӣ

"Иқрор"-и амрикоиёни маҳбус дар Эрон


Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳам ин навору иқрорҳо ва ҳам боздошту иттиҳоми зидди боздоштшудагонро таҳти танқид қарор дод ва бепоя номид. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар гуфт, чунин рафтор танҳо ба давлатҳои саркӯбгар ва мустабид хос аст.

Дар як навори видеоӣ Ҳолаи Исфандиёрӣ, мудири барномаҳои Ховари Миёна дар Маркази мутолиоти байнулмилалии Вудро Вилсони Вошингтон ба истилоҳ иқрор кард, дар фаъолиятҳое шарик будааст, ки "бояд ба тағйироти муҳиме дар низоми Эрон раҳ кушоянд" ва "ин низомро мутазалзил кунанд." Хонуми Исфандиёрӣ афзуд, ба воситаи ин конфаронсҳо як шабакаи сиёсатсозон ва коршиносон ташаккул меёбад ва нақши у дар ин раванд ҷустуҷӯ ва дарёфти сухангӯён дар Эрон будааст.

Каёни Тоҷбахш, мушовири тарҳрезии шаҳрнишинӣ дар Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Боз гуфт, созмони ӯ "мақсадҳои дарозмуддат дорад, то ба ҳукумат фишор оварад ва онро тағйир диҳад." Вай афзуд, мақсади онҳо ба Эрон овардани "мудели демократияи ғарбӣ" баъд аз як низоъ дар ин кишвар аст. Бахши ағлаби намоиш ба дигаргуниҳо дар Укроин ва Гурҷистон дахл мекард. Намоиши қариб яксоатаи қаблӣ рӯзи чоршанбе пахш шуда буд.
Барандаи намоиш ин ҳамаро ифшои асрори зери шиорҳои демократӣ унвон кард. Шон Маккормак, сухангӯи Вазорати корҳои берунаи Иёлоти Муттаҳида ин намоишро маҳкум кард ва гуфт, ҳукуматаш аз беэҳтиромӣ дар телевизиони давлатии Эрон дар нисбати ду шаҳрванди Амрико дар хашм аст. Вай гуфт, "ин афрод бояд фавран озод шаванд ва тавонанд ба хонаводаҳои худ баргарданд. Ягон сабабе барои боздошти онҳо ва тавҳини минбаъдаи онҳо вуҷуд надорад."

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мақомоти давлати Эронро айбдор карданд, ки бо ин роҳ мехоҳанд, аз суханони зери зулм кашидаи боздоштшудагон, далели иттиҳомоти эълоншударо созмон диҳанд. Аммо Муҳаммадҳусейни Оғосӣ, як вакили ҳуқуқ дар Теҳрон мегӯяд, тибқи қонунҳои Эрон, иқрори иҷборӣ далел шуда наметавонад. Вале ӯ изофа мекунад, ки ба бовари вай, Исфандиёрӣ ва Тоҷбахш ихтиёран ин суханонро гуфтаанд ва дар он ҳолат, иқрори онҳо метавонад, дар додгоҳ истифода шавад:

Бар замми Исфандиёрӣ ва Тоҷбахш мақомоти эронӣ ҳамчунин Парнози Азимо, корманди радиои Фардо, ки аз тарафи Амрико маблағгузорӣ мешавад ва Алии Шокирӣ, узви шӯрои Донишгоҳи Калифорниё ва Маркази сулҳофаринии шаҳрвандии амрикоро низ боздошт ва айбдор кардаанд. Як боздоштшудаи собиқ, журналисти эронӣ Фараҷи Саркӯҳӣ, ки худ чанд сол пеш ҳамингуна иқрореро дар мазҳари ом анҷом дода буд, мегӯяд боздоштшудагон дар Эрон мавриди латукӯб қарор мегиранд ва таҳти фишори равонӣ ба ҳама гуна иқрор ризоият медиҳанд.

Саркӯҳӣ мегӯяд, боздошти як хабарнигор паёми таҳдид ба хабарнигорони дигар, як устоди донишгоҳ паём ба ҳамаи устодони донишгоҳ аст, то садое баланд накунанд.
XS
SM
MD
LG