Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯҳмати интернетӣ дар Тоҷикистон ҷиноят хоҳад буд


Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ба Қонуни кайфарии кишвар дигаргунӣ ворид кард.


Тибқи он нашри маълумоти дурӯғин, тӯҳматомез, таҳқиркунанда ва инчунин калимаву ифодаҳои пастзанандаи шаъни инсон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷиноят шумурда мешаванд.


Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои ин навъи ҷиноят муҷозоте аз қабили кори иҷборӣ, ҷаримаи молӣ ва то ду соли зиндонро муқаррар кардааст.


Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот ин иқдомро роҳи дигари маҳдудгардонии озодии баён унвон карданд.


Дар тарҳи қонун маълум нест, агар сомонаи интернетӣ берун аз Тоҷикистон аст, чӣ гуна мавриди муҷозот қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG