Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дипломатҳои Бритониёро ихроҷ мекунанд


Русия дар бораи ихроҷи чаҳор дипломати бритониёӣ тасмим гирифт ва изҳор намуд, ки ин посух ба ҳамин гуна иқдоми Лондон аст.


Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия Михаил Каминин гуфт, ки дипломатҳо бояд дар даҳ рӯз кишварро тарк намоянд. Маскав ҳамчунин дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ бо Лондонро қатъ карда, ҳамзамон мақомоти расмии он аз ташриф ба Бритониё худдорӣ менамоянд ва ҳамчунин додани раводиди Русия ба мансабдорони бритониёӣ мутаваққиф мешавад.


Имрӯз вазорати хориҷаи Русия сафири Бритониё дар Маскав Этнони Брентонро аз ин тасмимҳо хабар кард.


Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Бритониё эълом дошт, ки дар посух ба сарпечиии Маскав аз истирдоди Андрей Луговой, гумонбари аслии куштори собиқ корманди Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Литвиненко, чаҳор дипломати русро аз Бритониё берун ва дар чанд бахш музокирот бо Русияро мутаваққиф мекунад.
XS
SM
MD
LG