Пайвандҳои дастрасӣ

Фанни ситорашиносӣ барои донишҷӯёни исломӣ


Мунаҷҷимони тоҷик метавонанд дар ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароии исломӣ ва замонавитар кардани аҳли мазҳабу донишҷӯёни донишгоҳҳои исломӣ нақши муассире дошта бошанд.


Мунаҷҷими тоҷик Хурсанд Ибоддинов, мудири Пажӯҳишгоҳи ситорашиносии АИ Тоҷикистон, гуфт, ин пажӯҳишгоҳ, ки тадриси илми ситорашиносиро имсол дар макотиби миёнаи Тоҷикистон аз сар мегирад, қасд дорад, ба хотири тадриси фанни ситорашиносӣ ба мазҳабиён ва донишҷӯёни макотиби динии кишвар барномаеро низ иҷро кунад.


Ахиран пажӯҳишгоҳ аз Шӯрои уламои Марказии исломӣ иҷоза хостааст, то дар Донишгоҳи Исломии кишвар дар радифи дигар улуми мазҳабиву дунявӣ ба донишҷӯён илми наҷмшиносӣ низ омӯхта шавад.


Ба гуфтаи Хурсанд Ибоддинов, раиси ин пажӯҳишгоҳ, тадриси илми нуҷум ба донишҷӯён ва рӯҳониён метавонад аз афзудани ақоиди исломи ифротӣ дар Тоҷикистон, ки ҳукумат аз он бисёр нигарон аст, ҷилавгирӣ кунад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Хурсанд Ибоддинов, Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон ҳозир шудааст, ки илми нуҷумро ба феҳрасти фаннҳои таълимиаш ворид кунад ва мақомоти Шӯрои Исломӣ низ тарҳи онро пазируфтаанд.


Тоҳири Сафар, Прага.
XS
SM
MD
LG