Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар Туркия


Ин мусобиқот бо ширкати беш аз 80 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Илҳомиддин Маллаев дар як навъи рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм ва Азамат Умарзода дар вазни то 75 килограмм ҷойҳои севвумро касб карданд.

Варзишгарони тоҷик ҳоло ба мусобиқоти қаҳрамонии кикбоксинги Осиё, ки моҳи август дар Қазоқистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.


ФУТБОЛ.Бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё -- 2007 бо ширкати 16 дастаи мунтахаби миллӣ ба анҷом расиданд.

Дар гурӯҳи «А» Ироқ ва Австралиё, дар гурӯҳи «В» Ҷопон ва Вйетнам, дар гурӯҳи «С» Эрон ва Узбакистон, дар гурӯҳи «D» Арабистони Саъудӣ ва Куриёи Ҷанубӣ ҷойҳои якуму дуввумро касб карда, ба давраи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Воқеъан, дар чаҳор бозии охирини гурӯҳӣ Узбакистон бар Чин бо натиҷаи 3 бар 0, Эрон бар Малайзиё бо натиҷаи 2 бар 0, Арабистони Саъудӣ бар Баҳрайн бо натиҷаи 4 бар 0 ва Куриёи Ҷанубӣ бар Индонезиё бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуданд.

Бад-ин тартиб дар бозиҳои чаҳоряниҳоӣ рӯзи 21-ум июл дар шаҳри Ҳанойи Вйетнам Ҷопон ва Австралиё, дар шаҳри Бангкоки Тайланд Ироқ ва Вйетнам, рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё Эрон ва Куриёи Ҷанубӣ ва дар шаҳри Ҷакартаи Индонезиё Арабистони Саъудӣ ва Узбакистон рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG