Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ду зина боло шуд


Тоҷикистон дар ин феҳрист ду зина болотар - ба ҷойи 145-ум баромад. Ва алҳол дар қорраи Осиё дар мақоми 25-ум ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистону Қазоқистон ҷойгир шуда, аз Қирғизистону Туркманистон ва Афғонистон пеш аст.

Беҳтарин тими миллии қорраи Осиё - Ҷопон чаҳор зина боло рафт ва дар ҷойи 36-ум мавқеъ дорад. Эрон, ки алҳол дар Осиё дуввум аст, як зина болотар - ба ҷойи 46-ум суъуд кард.

Тоҷикистон дар рейтинги моҳи июл миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мисли пешин дар ҷойи сездаҳум мебошад. Укроин миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал буда, дар рейтинги нави FIFA чаҳор зина поинтар - ба ҷойи 17-ум фуромад. Русия як зина боло - 23-ум шуд.

Бразил миёни 208 кишвари аъзои FIFA ба зинаи аввал баромад. Аргентина се зина боло шуд ва дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст. Вале Итолиё, қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон, ду зина поинтар - ба ҷойи севвум фуромад. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, ҳамчунин, Фаронса, Олмон, Ҳолланд, Хорватия, Португол, Испониё ва Мексика ҷойгир шудаанд.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Беш аз як сол аст, ки дастаи мунтахаби кишвар ягон бозӣ анҷом надодааст. Бинобар ин баргузории як бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қазоқистон рӯзи 8-уми сентябр дар шаҳри Алмати дар назар аст.»
XS
SM
MD
LG