Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши боздоштшудагон дар телевизиони Эрон


Телевизиони давлатии Эрон шоми дирӯз навори видеоии ду амрикоии боздоштшудаи эрониаслро намоиш дод. Аз паси ин наворҳо гуфта шуд, ки ёфтаҳои нав мақомоти тафтишотиро ба таҳқиқи бештари парвандаҳои Ҳолаи Исфандиёрӣ ва Каёни Тоҷбахш таҳрик додаанд.



Исфандиёрӣ дар ин навор зоҳиран фаъолияти худро ҳамчун мудири барномаҳои Ховари Миёна дар Пажӯҳишгоҳи мутолиоти байнулмилалии Вудро Вилсон дар Вошингтон шарҳ дода, Тоҷбахш ҳолномаи худ ва мақсади сафараш ба Эронро изҳор кардааст.


Вошингтон мегӯяд, аз бархӯрди Теҳрон ба ду амрикоии эрониасли боздоштшуда шадидан дар хашм аст. Ҳолаи Исфандиёрӣ ва Каёни Тоҷбахш дар телевизиони Эрон иқрор карданд, ки бар зидди амнияти Эрон фаъолият доштанд. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ин иқрор бо шиканҷа гирифта шудааст. Амрико озодии фаврии ҳамаи амрикоиҳои боздоштшударо талаб мекунад. Фаъоли сулҳ Алии Шокирӣ низ дар маҳбас буда, ба хабарнигори радиои Фардо, Парнози Азимо иҷозаи сафар дода намешавад.
XS
SM
MD
LG