Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати одамон аз гармӣ дар Аврупо


Аз гармии тоқатфарсо дар Руминия панҷ нафар фавтида, даҳҳо тан бистарӣ шудаанд.


Дирӯз дар ин минтақаи Балкан ҳарорати ҳаво ба 42 дараҷаи Селсий расида, сабаби сӯхтор дар бешазорон, қатъи ҷараёни барқ ва душвории ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо шуд.


Мавҷи аввали гармӣ дар моҳи июн дар Руминия 30 нафарро ба ҳалокат расид ва ҳазорон гектар кишти сабзавоту ғалладонаро нобуд кард кард.


Ҳарорати баланди ҳаво ҳамчунин дар Сербия, Албания ва Хорватия ба қайд гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG