Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз коҳиши аҳолӣ дар Аврупо


Тибқи таҳқиқоти мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, ки 28 кишвари Аврупои Шарқӣ ва Шӯравии собиқро мавриди омӯзиш қарор додаанд, дар чанд соли оянда шумори аҳолии 18 кишвар босуръат коҳиш меёбад.


Мутахассисин пешгӯӣ мекунанд, дар ин феҳрист Русия дар мақоми аввал қарор хоҳад гирифт ва тахмин мезананд, ки аҳолии ин кишвар то соли 2025 тақрибан 17 миллион нафар коҳиш меёбад.


Аммо мегӯянд, бар хилофи ин, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон, ҳамчунин кишварҳои аврупоии Албаниё ва Туркия шумораи аҳолӣ дар ин муддат ба таври назаррас меафзояд.
XS
SM
MD
LG