Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев Назарбоеваро иваз намуд


Анҷумани охирини НурОтан, ҳизби ҳокими Қазоқистон раисҷумҳури ин кишвар Нурсултон Назарбоевро раиси ин ҳизб интихоб кард.


Аммо барои ҷомиаи кишвар ин ҳарфи нав набуд, зеро раисҷумҳури Қазоқистон то ба ин дам ғайрирасмӣ раиси ин ҳизб шинохта мешуд.


Хабари аслии анҷуман ин буд, ки Дариға Назарбоева, духтари калонии Назарбоев ва ҳамсари Роҳат Алиев, сафири имрӯз фирории Қазоқистон дар Австрия аз муовинати ҳизби НурОтан барканор гардид.


Дариға Назарбоеваро ҳатто ба феҳристи номзадҳои ҳизби НурОтан дар интихоботи парлумонии Қазоқистон шомил накарданд.
XS
SM
MD
LG