Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиди тавқифи кори реактори ҳастаии Ёнгбон


Раиси ҳайъати Кореяи Ҷанубӣ дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореия Шимолӣ Чун Юнг Ву гуфт, Пхенян изҳори омодагӣ кардааст, ки то охири сол фаъолияти ҳама муассисаҳои ҳастаияшро қатъ кунад.


Муҳаммад ал- Барадей, раиси Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ таъйид кард, ки кори реактори ҳастаии Ёнгбон ва чаҳор муассисаи атомии дигари Кореяи Шимолӣ қатъ шудааст.


Дар музокироти Пекин, ҳайъатҳои Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, ва Ҷопон ширкат доранд. Ду рӯз пеш нозирони таслиҳотии Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ расман эълон карданд, ки Пхенян баъди расидани бахши аввали кумакҳои иқтисодӣ кори реактори Ёнгбонро боздоштааст.


Кристофер Ҳил – раиси ҳайъати Иёлоти Муттаҳида дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ изҳор дошт, ки дар қадами дуввум Пхенян бояд ҷузъиёти ҳама корҳои марбут ба барномаи ҳастаии кишвар, аз ҷумла оид ба ғанисозии ураниумро ошкор кунад.
XS
SM
MD
LG