Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фасоду ришва дар Тоҷикистон


by

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтаанд, дар соли равон мизони баррасии ҷиноятҳои вобаста ба ришваситонӣ афзоиш ёфтааст.


Ба иттилоъи ин мақомот, додгоҳҳои Тоҷикистон парвандаи 279 нафарро ба иттиҳоми даст доштанашон дар фасоди молӣ ё идорӣ баррасӣ кардаанд.


Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, ки аксари афроди бо маҳкумшуда кормандони бахши кишоварзӣ, марзбонӣ, маориф, беҳдошт, умури дохила ва дифоъ мебошанд.


Абдуллоев, ҳамзамон афзуд, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир бештар аз 30 дарсад афзоиш карда ва парвандаҳои дар робита ба ҷиноятҳои сангини қатли инсон дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта 8 % коҳиш ёфтааст.


Ба гуфтаи раиси додгоҳии олии Тоҷикистон, баррасии парвандаҳои ҷиноӣ дар ин додгоҳ нисбат ба соли гузашта 18 % коҳиш ёфтааст ва ин далели он аст, ки теъдоди ҷинояткорӣ низ дар кишвар кам шудааст.


Барот Юсуфӣ, Душанбе.
XS
SM
MD
LG