Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди Тоҷикистону Узбакистон дар бобати Худойбердиев


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш бо мақомоти Узбакистон дар мавриди истирдоди ҷинояткорон, аз ҷумла сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев, вориди гуфтушунид шудааст.


Ҳамзамон вазири корҳои берунаи кишвар изҳор кард, ки тақозои истирдоди муҷримон аз Узбакистон ба Тоҷикистон бо дархости мақомоти қудратии Тоҷикистон сурат мегирад ва ӯ ҳоло дар ин масъала аз ин беш сухане гуфта наметавонад.


Зарифӣ афзуд, муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар ин авохир рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва қарор аст дар ояндаи наздик дар масъалаи раводиди сафар дар рафтуомади байни ду кишвар бознигарӣ шавад.


Дар мавриди муносибатҳо бо Русия Зарифӣ иттилоъ дод, ки дар давоми 6 моҳи соли 2007 ҳаҷми мубодилаи коло миёни ин шарикони стратегӣ ба зиёда аз 120 миллион доллари амрикоӣ расидааст.


Дар робита ба шарикони қавии Тоҷикистон дар қораи Осиё вазири хориҷаи кишвар саҳми Чин ва Эронро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон муассир хонд.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG