Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи монанд ба Чернобил дар Укроин


Шаби 17 июл қатори роҳи оҳани Қазоқистон-Лаҳистон дар натиҷаи хориҷ шудани чарх аз роҳи оҳан дар наздикии шаҳри Лвови Укроин ба садама дучор шуд. 15 вагон чаппа шуд. Шаштои он оташ гирифт ва дуди заҳролуд 90 километр дар масоҳати атроф паҳн шуд.

Бино ба гуфтаи мақомоти корхонаи "Қазфосфат", ин 15 вагон ё систернаҳо ҳомили 750 тонна фосфори зард будаанд, ки бояд аз ҷануби Қазоқистон аз истгоҳи роҳи оҳани Аса ба шаҳри Алверниёи Лаҳистон интиқол дода мешуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, корхонаи мазкур ҳар моҳ ҳудуди 5 ё 6 тонна фосфори зард ба Чехия, Маҷористон ва Олмон мефиристад ва шаҳри Алверниё дар Лаҳистон низ аз ҷумлаи муштариёни фосфори зарди "Қазфосфат" будааст.

Павло Василевский, сухангӯи намояндагии Вазорати умури изтирории Укроин дар шаҳри Лвов ба радиои Озодӣ гуфт, моддаи заҳролуд метавонад ба 14 деҳи ноҳияи Буск зарар расонад. Дар ин деҳот ҳудуди 11 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Кумитаи изтирории ҳукумат тасмим гирифт, ки 793 нафарро аз ин маҳал ба ҷои дигар интиқол диҳад. 472 нафари онҳо бо истифода аз нақлиёти шахсӣ аз маҳали ҳодиса берун рафтаанд.

Бист нафар, ба шумули кормандони дафтари умури изтирорӣ ва аҳолии маҳаллӣ баъд аз оташ гирифтани фосфори зард ва паҳн шудани дуди ғализи заҳролуд масмум ва ба бемористон интиқол дода шуданд.

Фосфори зард аз моддаҳоест, ки баъд аз омезиш бо ҳаво билофосила оташ мегирад. Ин моддаи заҳрогин ҳангоми нафаскашӣ ба шуш осеб мерасонад. Баъд аз ин ҳодиса ба аҳолии маҳал машварат додаанд, ки дару тирезаҳоро боз накунанд ва аз хонаҳояшон берун нараванд, аз хӯрдани оби чоҳҳо, шири гов ва меваву сабзиҷоти маҳаллӣ худдорӣ кунанд. Александр Кузмук, муовини нахуствазири Укроин аз маҳалли ҳодисак боздид кард ва ин ҳодисаро бо фоҷеъаи соли 1986 Чернобил муқоиса кард:

"Дар кишвари мо бадбахтӣ рух додааст. Баъд аз фоҷеъаи Чернобил мо бори дигар бо ҳодисае рӯбарӯ ҳастем, ки метавонад ба мардуми Укроин хатар эҷод кунад".

Муовини нахуствазири Укроин афзуд, расидагӣ ба сабабҳои ин ҳодиса оғоз шудааст. Ин қатор иборат аз 58 вагон будааст. Аз сӯи дигар, мақомоти раҳбарии корхонаи "Қазфосфат" ба матбуот гуфтаанд, ки онҳо ҳайатеро ба маҳали ҳодиса фиристодаанд ва то замоне, ки ҳайат бо вазъ ошно нашавад, аз додани тавзеҳот худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG