Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хандаҳои гиряолуд ва гиряҳои хандаомез


Алмато Гурӯҳи ҳунарии барномаи телевизионии «Лаҳзаҳои гуворо» меҳмони муҳоҷирони тоҷики муқими Алмаато гардида, бо ҳазлу мутоиба ва саҳначаҳои ҷолиби хеш ҳамдиёрони дар ғурбат будаи хешро шоду мамнун кард.

Ҳунармандон дар ин маҳфил бештар он саҳначаҳоеро пешкаши тамошобинон карданд, ки ба ҳаёти муҳоҷирон ва зиндагии аҳли хонаводаи онон дар Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ҳангоми тамошои саҳнаҳои ҳаҷвӣ беш аз 400 нафар тамошобин ҳам ба истилоҳи ҳунармандон мурданӣ механдиданду ҳам аз ҳақиқати талхи зиндагиашон ва норасоиҳои ҷамъият изҳори таассуф мекарданд. Тавре мегӯянд дар саҳнаҳои ҳаҷвии лаҳзаҳои гуворо муҳоҷирон ҳам хандаҳои гиряолудро медиданду ҳам гиряҳои хандаолудро.

Ба гуфтаи ағлаби бинандагон бозии ҳунармандони шинохтаи тоҷик Насриддини Нуриддин, Гулбии Абулхайр ва Шаҳобиддини Ҳасан ононро гӯё даме ба Тоҷикистон бурд ва кӯфти меҳнати муҳоҷирату азоби ғарибиро лаҳзае аз онҳо дур кард ва воқеан ба онон дар Дашти Қипчоқ лаҳзаҳои гувороеро ҳадя намуд.

Ҳунарманди дӯстдошта Насриддини Нуриддин ҳам аз чунин дидорбинӣ бо ҳамдиёронаш ва пазироии гармашон дар Алмато изҳори хушӣ намуда, гуфт, ки чунин мулоқотҳо ба онон низ неру ва илҳоми тоза мебахшанд ва эҷодиёташонро боз ҳам рангинтар мегардонад. Ин гурӯҳи ҳунарӣ бори дуюм аст, ки меҳмони муҳоҷирони тоҷики Алмато гардидааст. Ба таъкиди Насриддини Нуриддин аз сафари нахустини онон ба Алмато чаҳор сол гузаштааст ва дар ин муддат дар зиндагии муҳоҷирони тоҷик тағйироти ҷиддиеро мушоҳида мекунад, онҳо кунун рӯҳафтода нестанд ва гаштугузорашон ҳам дар ин ҷо басо озодона аст.

Дастаи ҳунарии «Лаҳзаҳои гуворо» ҳамчунин ба шаҳри дигари Қазоқистон -- Петропавловск ва шаҳрҳои Русия -- Екатeринбургу Маскав сафар карда , ба ҳамдиёрони дур аз ватан лаҳзаҳои гуворо расониданианд.
XS
SM
MD
LG