Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнавишти норӯшани фурудгоҳи Айнӣ


Бино бар иттилои матолиби дар матбуоти Ҳиндустон нашршуда, ин кишвар то охири соли равон чархболу ҳавопаймоҳои низомиашро дар фурудгоҳи ҳавоии низомии Айнии Тоҷикистон мустақар хоҳад кард.


Дар ҳоле ки фурудгоҳи низомии мазкур бо кумаки моддии Ҳиндустон тармиму таҷдид мегардад, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи истифодаи пойгоҳ тавассути Ҳиндустон пас аз анҷоми тармим баррасӣ мешавад.


Ва имрӯз хабаргузории русии «Интерфакс» гузориш дод, ки Русия соли 2008-ум 4 ҳавопаймо ва 12 чархболи низомиро дар фурудгоҳи Айнӣ мустақар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG