Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ги Мун - мухолифи хуруҷ аз Ироқ


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги Мун ҳушдор додааст, ки ҳар гуна ихроҷи шитобкоронаи нерӯҳои aмрикоӣ аз Ироқ буҳрони ин кишварро амиқтар хоҳад бурд.


Бан Ги Мун гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаи байналмилалӣ набояд мардуми ироқиро танҳо гузоранд. Қарор аст, имрӯз Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури ИМА, ки барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ таҳти фишори фазояндаи Конгресс қарор гирифтааст, бо Бан Ги Мун дар Кохи Сафед мулоқот кунад.


Дар ҳамин ҳол, гузоришҳои расида аз Ироқ аз он иттилоъ медиҳанд, ки гурӯҳи афроди мусаллаҳ бо ҳамла ба як маҳаллаи шиъиён дар ноҳияи Диёло 29 нафар аъзои як қабиларо куштаанд.
XS
SM
MD
LG