Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фақру камбизоатӣ - гиребонгири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз


Як коршиноси Бонки осиёии рушд мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ дар роҳи расидан ба баъзе аз ҳадафҳои рушди ҳазора пешрафти қобили мулоҳизае доштаанд, аммо кӯшишҳои онҳо барои расидан ба баъзе аз аҳдофи дигар заиф шуда ва ё ҳатто рӯ ба ақибравӣ ниҳодааст.

Армин Бейер, иқтисоддони аршади Бонки осиёии рушд, мегӯяд, ки кишварҳои ин минтақа аз ҳоло ба баъзе аз ҳадафҳои рушди ҳазора даст ёфтаанд, аз ҷумла дар масоили коҳиши ихроҷи гази карбон, тазмини таҳсилоти ибтидоӣ ва қисман дар таъмини оби нӯшокиву беҳдошт.

Аммо, мегӯяд Армин Бейер, ҳанӯз ҳам дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти азиме ба мисли камбизоатӣ, дастрасии маҳдуд ба таҳсилоти олӣ, ҷилавгирӣ аз тавсеаи бемории норасоии масунияти бадан, муҳити зист ва ҳамчунин мудирияти захираҳои обу замин боқӣ мондаанд.

Коршиноси Бонки осиёии рушд меафзояд, ҳарчанд давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ дар авоили соли 2000-ум барномаҳои мукаммали рушд ва коҳиши камбизоатиро таҳия кардаанд, иҷрои муассири ин барномаҳо ҳатто дар кишварҳои дорои захираҳои фаровон ба мушкилӣ даст медиҳад.
Ба қавли Бейер, ақибравии баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи иҷрои ҳадафҳои рушди ҳазора мояи нигаронист. Вай тавсия медиҳад, ки барои рафъ кардани камбизоатӣ бояд ба афзоиши даромади мардум, дастрасӣ ба табобати лозим, ҳифзи иҷтимоъӣ ва мудирияти захираҳои обу замин тавваҷуҳи хосса дода шавад.

Коршиноси Бонки осиёии Рушд ҳамчунин мегӯяд, кишварҳои минтақа ҳамчунин бояд бозори кориашонро дурусттар кунанд ва шароите фароҳам оваранд, то қишри камбизоат ба идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ қодир бошанд.

Ҳамкории минтақавӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ имконе барои коҳиш додани камбизоатӣ аст.
Қарор аст, масоили иҷрои ҳадафҳои рушди ҳазора дар Осиёи Марказӣ ҳафтаи оянда (19 ва 20 июн) дар шаҳри Бишкек бо ширкати ҳудуди 100 нафар аз мақомоти расмӣ, пажӯҳишгарон ва кишварҳои сармоягузор баррасӣ шавад, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG