Пайвандҳои дастрасӣ

Агрегати севуми НБО «Помир-1» ба кор дароварда шуд


Бо ба кор дароварда шудани агрегати севуми Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» ба иқтидори умумии он боз 7 ҳазор КВт барқ илова гардид. Акнун, чунонки раҳбари хадамоти матбуотии ин ширкат Маҳдии Лаланӣ иттилоъ дод, иқтидори умумии нерӯгоҳи мазкур ба 21 ҳазор КВт расидааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки 5-уми феврали соли равон НБО «Помир-1» дар пайи як садама шадидан тахриб дида, комилан аз кор баромада буд. Вале ҳамагӣ баъд аз як моҳи садама бо кумаки ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ яке аз чаҳор агрегати вайрон тармим гардида, ба кор дароварда шуд.


Дар ҳоли ҳозир аз чор агрегати нерӯгоҳ сетоаш кор мекунанд. Гуфта мешавад, дар муайян кардан ва тармиму ба кор даровардани агрегати нуқсдори нерӯгоҳ саҳми ширкати суисии «Stucky» зиёд аст.


Ба гуфтаи М. Лаланӣ, агрегати дувум, ки бештар тахриб дидааст, феълан дар дасти тармим аст.


Гуфта мешавад, барқарорсозии иқтидори ниҳоии Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» имкон медиҳад, ки аҳолии шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он бо нерӯи барқ дар ҳаҷми пурра таъмин гардад.
XS
SM
MD
LG