Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти Косово


Русия мухолифати худро ба пешнависи Қатъномаи Шӯрои амният дар мавриди вилояти ҷудоихоҳи Косовои Сербия расман эълон кард. Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, тарҳи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо, бо вуҷуди даъвати 120 рӯзи иловагии гуфтушунид миёни Белград ва Приштина як ҳаракати рӯшане ба сӯи истиқлолияти Косово мебошад. Вай бори дигар мухолифати кишварашро ба ин тарҳ баён дошта, гуфт, дар ҳол мавриди райъдиҳӣ қарор гирифтани тарҳ дар Шӯрои амнияти СММ Русия ҳамчун узви доимии ин ниҳод аз ҳаққи вето истифода хоҳад кард. Дар он ҳолат қатънома ба тасвиб нахоҳад расид.

Залмай Халилзод, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милали Муттаҳид, таҳдид кард, ки дар ҳоли идомаи мухолифати Русия масъалаи Косово метавонад берун аз Шӯрои амният пеш бурда шавад.Тарҳи қатъномаро намояндаи вижаи СММ дар умури Косово Мартӣ Аҳтисаарӣ омода кардааст ва он як истиқлолияти зери назар ё маҳдуди Косоворо дар назар дорад.

Бо сабаби мухолифати Русия ба тарҳи Қатъномаи Шӯрои амният дар бобати Косово, пешнавис мартабаи дуввум таҳрир шудааст. Вилояти Косово, ки аҳолии онро асосан албанитаборон ташкил медиҳанд, хостори истиқлолият аз Сербия мебошанд ва гуфтаанд, агар баррасии масъала дар Шӯрои амният ба дарозо кашад, онҳо бидуни интизории натиҷаи он, расман истиқлолияти Косоворо эълон хоҳанд кард. Ҳамчунин собиқадорони ҷанги Косово гуфтаанд, омодаанд, дигарбора силоҳ ба даст бигиранд. Сербия бар ин аст, ки истиқлолияти Косово хилофи ҳуқуқҳои ақаллияти серби Косово мебошад.
XS
SM
MD
LG