Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи эҳтимолии истифодаи мобил ҳангоми рондани мошин


Эҳтимол меравад, ки дар Тоҷикистон истифода аз телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) зимни рондани мошин қонунан мамнӯъ эълон гардад.


Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (БДА) бо ҳадафи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо тарҳи ислоҳи қонуни маъмуриро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки он ба ронандагон истифодаи телефонҳои ҳамроҳро ҳангоми ҳаракат дар роҳ иҷозат намедиҳад.


Тарҳи мазкур дар ҳоле, таҳия гардидааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон наздик ба 800 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.


Дар натиҷа 183 нафар ба ҳалокат расида ва 919 нафар ҷароҳатҳо бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG