Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тоҷик дар автобуси ветнамиҳо


Дар роҳ ба суи Маскав як автобуси мусофирбар ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон қарор ёфтааст. Ҳашт нафари мусаллаҳ дар либоси полис онро нигаҳ дошта, 24 мусофирро, ки ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва бақия аз Ветнам будаанд, ғорат кардаанд.





Инҳо тоҷироне будаанд, ки барои харидани бор аз Волгоград ба Маскав мерафтанд ва аз онҳо 5 миллион рубл ситонда шудааст. Ғоратгарон телефонҳои ҳамроҳ ва охирин сиккаҳои ҷабрдидагонро низ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG