Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои додвар ба нишони эътироз


Як додвари Додгоҳи шаҳри Тошканд, тибқи хабарҳо, ба нишони эътироз аз мудохилаи мансабдори баландпояи кишвараш ба умури додгоҳ ва салиқаи ҳалномаҳои судӣ, аз мақомаш истеъфо додааст.





Сомонаи мустақили "Узметроном" менависад, додвар Зокир Исоев дар номае ба унвони президенти Узбакистон, Ислом Каримов, мақомоти давлатро айбдор кард, ки бо сӯиистифода аз номи президент, ҳама гуна инсонро дар сари роҳи худ нобуд мекунанд.





Исоев яке аз додварони ботаҷрибаи низоми адлияи Узбакистон раиси муҳокимаи айбдоршавандагони ҳодисаҳои хунини Андиҷон буд. Бо вуҷуди он ки дар ин муҳокимаҳо асосан ҳалномаҳои дилхоҳи мақомоти давлат содир мегашт, вай аз дахолати мансабдорон ба сутӯҳ омада, истеъфо додааст.
XS
SM
MD
LG