Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Олмерт бо Маҳмуд Аббос


СҶ

Яҳуд Олмерт сарвазири Исроил ба Маҳмуд Аббос - раиси ҷумҳури Фаластин гуфт, ки раҳоии 250 маҳбуси фаластинӣ ҳамин ҳафта сурат мегирад. Якоб Галатӣ, сухангӯи сарвазири Исроил изҳор кард, ки қарор аст маҳбусон рӯзи ҷумъаи 20 июл зиндонро тарк намоянд. Ба гуфтаи ӯ, 85 дар сади ин маҳбусон аъзои ҳизби Фатҳи раисиҷумҳур Маҳмуд Аббос ва боқимонда аз дигар гурӯҳҳои фаластиниянд. Ва аммо миёни онҳо нафаре аз гурӯҳи ҲАМОС нест.
Дар мулоқот бо Маҳмуд Аббос дар Байтулмуқаддас Яҳуд Олмерт ҳамчунин гуфт, кишвараш омода аст ба таъқиби ҷиноии тақрибан 180 узви Фатҳ дар посух ба рӯ тофтанашон аз терроризм хотима гузорад.
Сарвазири Исроил ҳамчунин хоҳиши Маҳмуд Аббос дар мавриди идомаи кумаки башарӣ ба борикаи Ғазаро пазируфт. Ин кумак аз тариқи шикратҳои хусусӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ сурат мегирад, то ки тороҷ нашавад.
XS
SM
MD
LG