Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - муддаъии Ҷоми футболи ҷаҳон


Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон байни ҷавонон дар Конодо ҷараён дорад.

Бозии аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18-уми июл дар шаҳри Эдмонтон байни дастаҳои Австрия ва Ҷумҳурии Чех баргузор мешавад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар шаҳри Торонто дастаҳои Чили ва Аргентина рақобат мекунанд.


Ҳамзамон марҳилаи ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2007 бо ширкати 16 тими миллӣ дар чаҳор гурӯҳ дар Тайланд, Вйетнам, Малайзиё ва Индонезиё ҷараён дорад.

Дар ду гурӯҳ - «А» ва «В» бозиҳо ба анҷом расиданд. Дар гурӯҳи «А» Ироқ бо 5 имтиёз дар ҷойи аввал ва Австралиё бо чаҳор имтиёз дар ҷойи дуввум қарор гирифта, ба давраи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи «В» Ҷопон бо 7 имтиёз мақоми аввал ва Вйетнам бо чаҳор имтиёз мақоми дуввумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ сазовор шуданд.

Дар ду гурӯҳи дигар, ба истиснои Малайзиё ва Куриёи Ҷанубӣ, шаш даста барои дарёфти чаҳор роҳхат ба давраи ниманиҳоӣ талош доранд.

Дар гурӯҳи «С» Чин ва Эрон бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор гирифтаанд. Узбакистон бо 3 имтиёз ҷойи севвумро касб кардааст. Дар даври охирин Чин бо Узбакистон ва Эрон бо Малайзиё рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи «D» Арабистони Саъудӣ бо 4 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Индонезиё ва Баҳрайн сеимтиёзӣ гирифтаанд. Дар ин гурӯҳ бозиҳои даври охирин байни дастаҳои Индонезиё ва Куриёи Ҷанубӣ, Баҳрайн ва Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG