Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон - қаламрави машаққати мусофирони роҳи оҳани тоҷик


Намояндагони баландпояи ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо нигаронӣ мегӯянд, бо вуҷуди муроҷиати расмии батакрори ҳукумати ин кишвар ба мақомоти Тошканд роҷеъ ба поён додани манъи қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон ва тафтиши мусофирон, ҳеҷ натиҷае ба даст наомад. Беш аз 10 сол мегузарад, аммо ҳолатҳои манъи беасоси қатораҳои Тоҷикистон дар қалаврави Узбакистон ҳамчунон идома дорад. Владимир Собкалов, муовини аввали раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гуфт, 94 фисади бо таъхир расидани қатораҳои Тоҷикистон маҳз ба мақомоти Тошканд марбут мебошад, дар ҳоле ки қатораҳои Тоҷикистон тронзит аз хоки Узбакистон мегузаранд: «Бояд гуфт, аз сӯйи мақомоти Узбакистон ҳатто дар истгоҳи мавсум ба «Болдир» низ манъи ғайриқонунии қатораҳои Тоҷикистон сурат мегирад, ки дар он тайи чанд соат тафтишу санҷиш гузаронида мешавад. Ба назари мо, ин кори дохилии ҳар як кишвар аст ва ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба тасмиме, ки кишвари ҳамсуд гирифтааст, наметавонад фишор орад. Аммо бо ин вуҷуд, бо миёнравии вазороти корҳои хориҷӣ ва нақлиёт, раҳбарияти ширкати мо аз мақомоти ширкати роҳи оҳани Узбакистон дархост кардааст, то он ширкат ба масъалаи мазкур расидагӣ кунад».



Чунин ба назар мерасад, ки манъи қатораҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистон мусофиронро низ хаста кардааст ва яке аз мусофирон, ки худро Хушбахт муаррифӣ намуд, тафтишу санҷишҳои кормандони ниҳодҳои гумрукии Узбакистонро як навъ таҳқир ба ҳайсияти худ медонад. Вай мегӯяд, дар истгоҳи Болдири Узбакистон, ки қатора манъ карда мешавад, то 6 соат мусофирон тафтиш мешаванд: «Мавридҳое мешавад, ки моро таҳқир мекунанд, пулҳоро мегиранд, борхалтаҳоямонро кофтуков мекунанд. Аммо мувофиқи қонун ин кор мумкин нест. Гумрукчиёни узбак муносибати бисёр дағал доранд бо мусофирони тоҷик».


Дар ҳоле ки мақомоти зидахли Тоҷикистон иддао мекунанд, мақомоти Узбакистон дар масъалаи боз кардани хатсайри ҳавоию роҳи оҳани Душанбе -Тошканд аз гуфтушунид худдорӣ меварзанд, иддае аз коршиносони тоҷик натанҳо мақомоти Узбакистон, балки мақомоти Тоҷикистонро низ дар нотавонии ҳалли ин масъала муттаҳам мекунанд. Ва аммо мақомоти ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, дар ҳоли ҳозир бо ширкати Роҳи оҳани Узбакистон гуфтушунид дар масъалаи боз шудани хатсайри Душанбе -Тошканд ҷараён дорад ва қарор аст ояндаи наздик аввалин қатора дар ин самт ҳаракат кунад. Дар ҳамин ҳол ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо дарназардошти вазъи пешомада, ба Шӯрои байналмилалӣ дар умури роҳи оҳан муроҷиат намуда, масъалаи поён додани манъи бемавриди қатораҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистонро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG