Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба "Амонатбонк" дар Конибодом


со

Раиси «Амонатбонк»-и Тоҷикистон таъийд намуд, ки шаби 14 ба 15 моҳи июл ба бахши маҳаллии ин бонк дар ноҳияи Конибодом як ҳамлаи ғоратгарона сурат гирифтааст.


Мамадамин Мамадаминов, раиси "Амонатбонк" гуфт,барои нахустин бор аст, ки дар шимоли кишвар чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст,аммо ин афзуд, ӯ дувумин ҳамлаи ғоратгарона алайҳи намояндагӣ бонк дар кишвар аст:«Мувофиқи тахминҳо ин фоҷиа баъди соати 3- и рӯзи 15 - июл ба амал омадааст ва Рауф Собиров корманди 63 - солаи бахши ҳифозати «Амонабонк» дар ноҳияи Конибодом аз дасти ғоратгарон ба қатл расидааст. Маълумоти бештар дар даст нест ҳанӯз. Чунин ҳодиса се сол пеш низ рух дода буд, аммо бе талафоти ҷонй ва ғорати маблағҳои бонк, пешгирй карда шуд».


Раиси «Амонатбок» афзуд, субҳи ҳамин рӯз бо раёсати бонк дар ноҳияи Конибодом телефонй дар тамос шудааст, вале дар робита ба ин қазия ва теъдоди пули ба яғморафта ҳанӯз иттилоъи дақиқе дар даст надорад. Бар асоси хабари додситонии ноҳияи Конибодом тафтишот рӯшан кардааст, ки посбон Рауф Собиров дар пайи зарбаҳои шадид ҷон додааст ва ғоратгарон аз ҷевони оҳанини бонки мазбур, 56 ҳазору 164 сомониро бо худ бурдаанд.

Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG