Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи "Сангтӯда 1" ба Тоҷикистон расид


Рӯзи якшанбеи 15-уми июл чархаи турбини нирӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" аз Санкт-Петербург ба Душанбе интиқол дода шуд. Онро, ки дар корхонаи тавлиди мошинҳои нирӯвари Санкт-Петербург сохта шудааст, ширкати ҳавопавардии "Полет" бо ҳавопаймои азимҷуссаи "АН- 124- Руслан" ба Душанбе расонд.


Намояндаи ин ширкат Леонид Широбоков мегӯяд, азбаски шакли ин чарха вижагиҳои худро дошт, дар дохили ҳавопаймо барои устувор кардани он таҷҳизоти махсус дуруст карда шуд. Қутри чарха шаш метру 36 сантимертрро ташкил медиҳад ва омодагӣ ба парвоз се моҳ идома ёфтааст. Ин чархаи аввал аст ва барои нирӯгоҳ боз се чархаи ҳамсон сохта хоҳад шуд. Созишномаи бунёди онҳо ҷамъан 100 миллион долларро ташкил медиҳад.


Ба ин тартиб мешавад, гуфт, дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" пешрафти муҳиме ҳосил шудааст ва эҳтимол меравад, нақшаи то охири сол ба кор шурӯъ кардани он, ки аз тарафи сарони Русия борҳо гуфта шудааст, амалӣ гардад. Ин нирӯгоҳ 167,5 мегаватт иқтидор дошта, қарор аст, мушкили Тоҷикистонро дар таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ ҳал кунад ва ҳамчунин ба Эрон, Афғонистон ва Покистон нирӯи барқ содир намояд.
XS
SM
MD
LG