Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва "Роҳи Абрешим" дар иёлати Индиана


ИМА Блумингтон

Бегоҳи 15 июл (субҳи 16 июл ба вақти Душанбе) дар шаҳри Блумингтони иёлати Индиана дар Амрико, фестивали «Роҳи Абрешим» баргузор шуд. Ин фестивал ҳар тобистон бо ибтикори Донишгоҳи Индиана доир мегардад. Дар ҷараёни он, намоишгоҳи миллии уйғурҳо, қазоқҳо, узбакҳо, озариҳо, эрониҳо, афғонҳо ва тоҷикон барпо шуд.


Тахтаи Тоҷикистонро донишҷӯён ва толибилмони тоҷики муқими иёлати Индиана муаррифӣ намуданд. Тахтаи Тоҷикистон бо куртаҳо ва тоқиҳои чакан ва атлас, либосҳои шаҳу арӯсӣ, харитаи кишвар, аксҳое аз манзараҳои табиат ва ҳаёти ҳаррӯзаи тоҷикон оро ёфта буд.


Дар намоиши вижаи мӯди миллӣ сару либоси шаҳу арӯсии тоҷикон истиқболи махсусан гарм дид.


Фестивал бо мусиқии миллӣ анҷом ёфт. Мусиқии миллии тоҷиконро дар ин бахши фестивал суруди «Дилбаракам» намояндагӣ кард.
XS
SM
MD
LG