Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор аз маҳбас. Бо чархбол


ки ба ин тариқ аз маҳбас мегурезад Ӯ бори дувум аст

Як маҳбусе, ки барои қатл ба 30 соли зиндон маҳкум шудааст, бо истифода аз чархбол аз маҳбас фирор кард. Аз зиндони Грасс дар ҷануби Фаронса.


Пйер Пайе замоне тавонист, маҳбасро тарк кунад, ки ёронаш як чархболро дар фурудгоҳи Кан-Манделйеи наздикии Грасс рабуданд ва бо он ба боми маҳбас фуруд омаданд.


Сипас, чархбол сарнишинонро ба наздикии бемористони марказӣ расонд ва дар ин ҷо онҳо бенишон шуданд.


Ҷустуҷӯ, ки ба он 150 жандарм сафарбар шуд, натиҷа надод.


Аҷиб аст, ки бори дувум аст, Пайеи 43-сола айнан ба ҳамин шакл аз маҳбаси Грасс фирор мекунад. Ҳодисаи аввал дар соли 2001 ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG