Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонӣ аз сангсории марди муттаҳам ба зино


Раиси кумитаи ҳуқуқи башар дар додгустарии Эрон, Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ, аз сангсори як мард бо иттиҳоми зино дар ҳафтаи гузашта дар кишвараш ҳимоят кард.


Вай гуфт, додгустарии кишвараш бо вуҷуди танқидҳои байнулмилалӣ аз ҷазои сангсор пуштибонӣ мекунад.


Бо сангсор куштани шаҳрванд Ҷаъфари Каёнӣ дар вилояти Қазвини Эрон аввалин ҳодиса аст аз замоне ки додгустарӣ корбасти онро дар соли 2002 мамнӯъ эълон кард.
XS
SM
MD
LG