Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хушунатҳои мусаллаҳона дар Покистон


Дар хушунатҳои мусаллаҳона дар шимолу ғарби Покистон чил нафар кушта шуданд.


Чаҳордаҳ нафари онҳо, аз он ҷумла 11 сарбозони шибҳинизомӣ буданд, дар як ҳамлаи созмонёфта дар Вилояти шимолу ғарбии марзӣ ба ҳалокат расиданд.


Чанд соат баъдаш дар як бомбгузории худкушона дар маркази истихдоми пулис дар ҳамин вилоят 26 нафари дигар кушта шуданд.


Ҳамчунин рӯзи якшанбе мусаллаҳони тарафдори Толибон дар Вазиристони Шимолии ҳаммарзи Афғонистон созишномаи сулҳро бо ҳукумат, ки даҳ моҳ пеш баста шуд, беэътибор эълон карданд. Онҳо ҳукумати Покистонро айбдор мекунанд, ки бархилофи ин созишнома нирӯи бештареро вориди минтақа кардааст.
XS
SM
MD
LG