Пайвандҳои дастрасӣ

«Барқи тоҷик» аз супоридани андоз сарпечӣ мекунад


ка

Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик», бо вуҷуди ҳушдор аз супоридани андоз сарпечӣ мекунад.

Ҳаким Солиев, раиси Кумитаи андози назди раёсати ҷумҳурӣ, ба ин нукта ишора кард, ки қарзи корхонаҳои бузург кори онҳоро мушкил мегардонад ва аз ҳамин сабаб ин кумита натавонистааст, нақшаи пешбиникардаи ҳукуматро иҷро кунанд.

Ӯ аз ҷумла гуфт: «Роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» ҳоло беш аз шаст миллион сомонӣ қарзи худро напардохтааст. Мо ҳамчунин ба 54 корхонаи бузурги дигар, ки дар маҷмӯъ 24 миллион сомонӣ қарздоранд, такроран огоҳнома фиристодем».

Дар ҳамин ҳол, Абдусамад Султонов, раҳбари як созмони ҷамъиятӣ, мегӯяд, бо музде, ки феълан шаҳрвандони қобили кор дарёфт мекунанд, ба супоридани андоз мушкилӣ мекашанд. Вай низоми андозбандии кишварро дар баробари пешрафти воқеии иқтисод ва имконоти молии аксари шаҳрвандони кишвар ғайри қобили қабул медонад.
XS
SM
MD
LG