Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ: Натиҷаҳои ҳисоботи Буш


Вошингтон Эндрю Туллӣ Дар авоили соли ҷорӣ Конгресси Амрико аз Кохи Сафед дархост карда буд, ки дар бораи фаъолияти ҳукумати Ироқ дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятӣ то 15-уми июли соли ҷорӣ гузорише таҳия кунанд. Ин гузориш тибқи дархост бояд 18 бахшро дар бар мегирифт.

Ҳоло Кохи Сафед ё давлати президент Ҷорҷ Даблю Буш ин гузоришро мунташир сохтааст. Бар асоси он, дар 8 бахш ва асосан бахшҳои низомӣ пешрафт ба даст омадааст. Аммо дар 10 риштаи дигар аз ҳукумати Ироқ даъват шудааст, ки бояд барои пешрафт кушиши бештар ба харҷ диҳад. Дар гузориш омадааст, бояд ҳукумати Ироқ тавони идораи умур дар ин кишвари аз ҳам пошидаро дошта бошад. Дар нишасти хабарии худ Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико натиҷагириҳои худро дар ин риштаҳо ин гуна эълон дошт:

"Аз 18 бахш, ки Конгресс аз мо хоста буд, мо метавонем гузориш диҳем, ки дар 8 бахши он пешрафти қонеъкунанда ба даст омдааст. Масалан, ироқиҳо тибқи ваъдаи худ барои анҷоми амлиёт дар Бағдод ва атрофи он се бригадаи низомӣ ташкил карданд. Ҳукумати Ироқ аз сармояҳои худ барои интиқоли таҷҳизот ва муҷаҳҳаз сохтани нируҳои худ 7 миллиарду 300 миллион доллар сарф кард".

Баъд аз интишори ин гузориши Кохи Сафед Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико ба хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ раъй дод. Дар ҳар ду палатаи порлумони Амрико демократҳо, яъне мухолифони президент Буш аксариятро ташкил мекунанд. Маҷлиси Намояндагони Амрико аз вазорати дифоъи ин кишвар хостааст, ки дар зарфи чаҳор моҳи оянда хуруҷи нируҳо аз Ироқро оғоз кунад ва ин хуруҷ бояд то моҳи апрели соли оянда, яъне соли 2008 ба поён расад.


Пеш аз тасвиби ин пешнавис Буш гуфта буд, ки ба ҳар гуна санаде, ки фаро хондани нируҳои Амрико аз Ироқро матраҳ мекунад, вето мегузорад. Мухолифони вай дар Ҳизби демократ мегуянд, гузориши мазкур чандон умедворкунанда нест. Сенатори демократ Дик Дурбин гуфт, ки онҳо наметавонанд интизори пирузии низомӣ дар Ироқ бошанд. Вале агар дар Ироқ субот таъмин шавад, он пирузии сиёсӣ хоҳад буд. Вай гуфт, таъхир дар хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ ба ин маъно хоҳад буд, ки Амрико шумораи бештари сарбозони худро дар Ироқ маҳкум ба марг мекунад.

Ҳоло, ки Маҷлиси Намояндагони Конгресс ин санадро ба тасвиб расонд, имкони ветои он аз ҷониби раиси ҷумҳур вуҷуд дорад. Вале, агар баъд аз вето аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси Намояндагон аз ин санад ҷонибдорӣ кунад, он эътибор пайдо хоҳад кард. Аммо коршиносон мегуянд, ки ҷамъоварии аз се ду ҳиссаи орои Маҷлиси Намояндагон кори осоне нахоҳад буд, зеро дар он сурат баъзе аз намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ, яъне ҳизби раиси ҷумҳур, низ бояд аз демократҳо ҷонибдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG