Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи 300 размандаи пешини ҷанги шаҳрвандӣ ҷиҳати афв


Душанбе. Ахиран 300 нафар аз размандагони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва Фронти халқии Тоҷикистон, ки феълан дар зиндонҳои кишвар маҳбусанд, бо ирсоли номае унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори афви гуноҳҳои худ шудаанд.

Размандагони собиқи зиндонӣ, ки аксаран аз 15 то 25 сол ба зиндон маҳкум шудаанд, дар ин нома гуноҳҳои содиркадаи худро қоил гашта, гуфтаанд, ки дар тӯли солҳои маҳбусиашон ислоҳ шудаанд. Онҳо дар номаи худ ҳамчунин навиштаанд, ки омода ҳастанд пас аз авф савганди садоқат ба ватан ёд кунанд: «...озод шудани мо, аскарони қатории муқовиматҳои сиёсӣ, ба дафтари хотираҳои ҷанги шаҳрвандӣ нуқтаи таммати воқеъӣ хоҳад гузошт».

Ҳуснорои Аҳмад, модари яке аз размандагони зиндонӣ, ки ин нома аз тариқи ӯ ба радиои «Озодӣ» расид, аз вазъи бади саломатии аксари ин зиндониён бо дарду нигаронӣ ба ояндаи онҳо ҳикоят кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳамчунин маҳбусони калонияи ислоҳии рақами 3/1-и Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки размандагони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мебошанд, унвонии узви маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ номае ирсол карда, хостаанд, ки ӯ аз маҳбусони ин зиндон аёдат кунад.

Гуфта мешавад, ки феълан дар ин маҳбас тақрибан 150 нафар собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик маҳбусанд. Аммо дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, чун феълан дар мураххасӣ аст, ҳанӯз инчунин номаеро аз номи маҳбусон дарёфт накардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар арафаи ҷашни 10 солагии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон як гурӯҳ аз наздикони размандагони собиқи нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки зиндонӣ буда, шомили авф ахир нашудаанд, аз намояндагии Дафтари бунёди сулҳи СММ дархост карда буданд, ки барои шомили авф шудани пайвандонашон мусоидат намояд ва арзи онҳоро ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон расонад. Дар зимн дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон номае унвони дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ирсол кард. Аммо тавре имрӯз дар ин дафтар хабар доданд, ҳанӯз ҳам посухи ин нома дарёфт нашудааст.
XS
SM
MD
LG