Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 3 корманди молиёт ба гумони фасодкорӣ


af

Ахиран се корманди идораи молиёти Хатлон бо иттиҳоми ришваситонӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд.


Холмат Сироҷов, масъули шуъбаи назорати Раёсати андозситонии устони Хатлон, барои пинҳон намудани беш аз 362 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ва аз сармуҳосиби ширкати «Ховар»-и шаҳри Сарбанд Шерафган Абдулҳафизов ситонидани панҷ ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Бунгоҳи мубориза бо фасод ва ҷиноёти молии устони Хатлон дастгир шудааст. Дар ҳамин ҳол, кормандони ин мақомот зимни як санҷиш пинҳонкунии андозҳои давлатӣ ва пардохтҳои гумрукиро дар ҳаҷми махсусан калон ошкор намудаанд. Сабзалӣ Одинаев, масъули раёсати мубориза бо фасод ва ҷиноёти молии вилояти Хатлон гуфт, ҳамон Шерафган Абулҳафизов бо кумаки кормандони андоз беш аз якуним миллион сомонӣ маблағҳои андоз ва пардохтҳои гумрукиро рӯпӯш карда, ба буҷаи давлат хисороти калони молӣ ворид намудааст.


Корманди Идораи андоз Холмат Сироҷов бошад бо истифода аз мансаби ишғолкардааш қаблан аз сармуҳосиби «Ховар» 2500 доллар ришва гирифта, ҳангоми гирифтани боз ҳамин миқдор пул дастгир шудааст. Ҳамчунин собиқ корманди нозироти андози шаҳри Сарбанд Ҳабибуллоҳ Нуралиев ва корманди ҳамин нозирот Ҷӯрабек Қурбонов дар пинҳон кардани беш аз 28 000 сомонӣ маблағи пардохтҳои давлатӣ ва ситонидани ришва ба маблағи 1500 доллар муттаҳам мешаванд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки Ожонсии мубориза алайҳи фасод ва ҷиноёти молӣ то имрӯз беш аз 20 ҳодисаи тамаъҷӯӣ ва ришваситонии мансабдоронро дар устони Хатлон ошкор ва пешгирӣ намудаанд.

Абӯбакри Файзалӣ, Қӯрғонтеппа.
XS
SM
MD
LG