Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири амниятии ҳукумати Покистон


Давлати Покистон тадобири амниятӣ дар кишварро тақвият бахшидааст, чун гумон мекунад, ки гурӯҳҳои тундрави исломӣ барои тазоҳуроти густардае омода мешаванд.


Пештар Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури Покистон, аз амалиёти низомӣ дар масҷиди Лаъли пойтахти кишвар, ки тундравони исломӣ онро тасарруф карда буданд, тарафдорӣ карда буд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи он амалиёти низомӣ 73 тундрав ва 9 сарбози артиши ҳукуматӣ кушта шуданд.


Пас аз амалиёти низомиён Айман аз-Завоҳирӣ, раҳбари дувуми Ал-Қоъида, мусулмононро ба ошӯб алайҳи ҳукумати Парвиз Мушарраф даъват кард.
XS
SM
MD
LG