Пайвандҳои дастрасӣ

Конгресси ИМА барои ихроҷи нерӯҳо аз Ироқ раъй дод


Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки дар таҳти идораи Ҳизби демократ аст, ахиран барои то моҳи апрели соли оянда аз Ироқ хориҷ кардани нерӯҳои Амрико раъй дод.


Раъйдиҳӣ дар Маҷлиси Намояндагон чанд соат баъд аз нашри гузориши ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди вазъи Ироқ сурат гирифт, ки дар он гуфта мешавад, аз замони афзоиши нерӯҳои Амрикоӣ дар Ироқ дар авзои сиёсӣ ва амниятӣ пешрафти андаке мушоҳида шудааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки раисиҷумҳури кишвар Ҷорҷ Буш дар гузашта ҷадвалҳои замонбандишудаи ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқро напазируфтааст ва таъкид кардааст, ки ин дафъа низ чунин хоҳад кард.


Ҳанӯз дирӯз Ҷорҷ Буш гуфта буд, ки бовар дорад, Амрико метавонад, дар Ироқ ба муваффақият даст ёбад.
XS
SM
MD
LG