Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи се тонна пунбадонаи заҳролуд


FM

Ахиран Кумитаи гумруки Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе 3 тонна пунбадонаи заҳролудеро, ки як ширкати ҳиндустонӣ мехост вориди кишвар созад, боздошт ва мусодира намуд. Абдурасул Шарифов, масъули дафтари матбуотии ин кумита, гуфт, дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст, ки дар таркиби ин миқдор пунбадона маводи заҳрогин мавҷуд будааст. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки кормандони кумита баъди ташхис ин миқдор маҳсулоти заҳролудро нобуд карданд.


Вай гуфт, саҳлангориву бемасъулиятии баъзе аз ширкатҳои саҳҳомии кишвар дар муомила бо ширкатҳои хориҷӣ боиси ворид шудани моли камарзиш ва ғайри қобили истифода ба қаламрави Тоҷикистон мешавад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки кумитаи мазкур иттилоъ додааст, дар нимаи аввали соли равон дар натиҷаи ҷустуҷӯи густарда кормандони он беш аз 2000 ҳолати қонуншиканиро ба қайд гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG