Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Додгоҳи шаҳри Екатеринбург 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо айбномаи қочоқи 14 килограм ҳероин барои муддатҳои аз 8 то 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале айбдоршавандагон дар муҳокима худро бегуноҳ номиданд.



Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, айбдоршавандагон ҳероинро дар Тоҷикистон дар мошини "Мерседес-Бенс" пинҳон ва бо ин мошин ба Екатеринбург сафар карданд. Ду нафаре, ки мақомоти тафтишотӣ онҳоро соҳибони аслии "мол" мешуморанд, бо ҳавопаймо ба Екатеринбург парвоз кардаанд. Аммо ба онҳо фурӯхтани ҳероин муяссар нашудааст, зеро кормандони раёсати Хадамоти федероли амнияти Русия онҳоро боздошт кардааст. Бо вуҷуди он ки айбдоршавандагон далелҳои додситониро рад карданд, додгоҳ онҳоро айбдор номид ва маҳкум кард.



Бар замми маҳрумият аз озодӣ барои муддатҳои аз 8 то 12 сол, маҳкумшудагон бояд 240 ҳазор рубли русӣ ҷарима шудаанд.
XS
SM
MD
LG