Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Пекин Куриёи Шимолиро баррасӣ хоҳанд кард


Вазорати умури хориҷаи Чин мегӯяд, ки қарор аст, музокироти шашҷониба бар сари барномаҳои атомии Куриёи Шимолӣ рӯзи 18-уми июл дар шаҳри Пекин аз сар гирифта шавад.


Сухангӯи вазорат Кин Ганг имрӯз ҳангоми як нишасти хабарӣ дар шаҳри Пекин гуфт, дар музокирот масъалаҳои иҷрои гомҳои муқаддамотӣ ва иттихози иқдомоти баъдӣ баррасӣ хоҳад шуд.


Пештар аз ин Куриёи Ҷанубӣ ба ҳамсоякишвари худ Куриёи Шимолӣ як киштии ҳомили сӯзишвориро фиристод. Чанде қабл Куриёи Шимолӣ ризоият дод, ки бар ивази сӯзишвории нафтӣ ва гузаштҳои сиёсӣ барномаҳои ҳастаии худро канор мегузорад.
XS
SM
MD
LG