Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимолияти баррасии низоми раводид байни Тоҷикистону Узбакистон


Эҳтимол аст, имрӯз, 13 июл Тоҷикистон бори дигар аз Узбакистон тақозои лағви низоми раводид кунад.


Тоҷикистон ва Узбакистон аз ҷумлаи иштирокдорони нишасти навбатии намояндагони доимии Ҷомеаи ҳамкориҳои АвруОсиё дар Маскав мебошанд, ки имрӯз дар Маскав оғоз мегардад.


Бино бар барномаи расмӣ, аз ҷумлаи масоили умдаи ин нишаст баррасии пешниҳодҳои ахири Русия дар бораи таҳкими ин иттиҳод бо барномаҳои амалӣ мебошад.


Ҳамчунин, интизор меравад, ки Тоҷикистон бори дигар аз Ӯзбакистон лағви раводиди сафарро шабеҳ бо тарҳи байни Узбакистону Қирғизистон тақозо кунад.
XS
SM
MD
LG