Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф ҳамла ба Масҷиди Лаълро ногузир номид


Парвиз Мушарраф, президенти Покистон, дар паёме ба мардуми кишвараш гуфт, ҳамлаи низомиён ба масҷиди Лаъли Исломобод як қадами гурезнопазир буд, зеро ин масҷид ва мадраса ба маркази тундгароӣ табдил ёфта буданд.


Дар ин ҳамла 73 ситезаҷӯ ва нӯҳ сарбози давлат кушта шудаанд.


Нафари дувуми шабакаи ал- Қоида Аймон ал-Завоҳирӣ аз мусулмонон хостааст, ба нишони интиқом зидди ҳукумати Мушарраф қиём кунанд.
XS
SM
MD
LG