Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав тарҳи нави ояндаи Косоворо низ рад кард


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, тарҳи ахири Созмони Милалро дар масъалаи ояндаи Косово рад кард.


Ба гуфтаи вай, тарҳи нав боз ҳамон нақшаи истиқлолият аст, ки бо суханони дигар навишта шудааст, ҳарчанд ба истиқлолияти автоматии Косово дар поёни гуфтушуниди Белград ва Косово даъват намекунад.


Дар ин байн, фиристодаи вижаи СММ дар умури Косово, Марти Аҳтисаарӣ, ки муаллифи тарҳи ибтидоии истиқлолияти маҳдуди Косово мебошад, гуфт, мухолифати Маскав ба тарҳи Косово ба эътибори байнулмилалии Русия зарба мезанад.
XS
SM
MD
LG