Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамалоти нав ба нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон


Дар вилояти Орузгони Афғонистон баъд аз ҳамлаи камингирона ба гурӯҳи муштараки дидбонҳои амрикоӣ ва афғон нирӯҳои НАТО даст ба зарбаҳои ҳавоӣ заданд. Бар асари онҳо 11 мусаллаҳи толибон кушта шудаанд.


Дар вилояти Хуст шаш афсари полис аз таркиши бомбаи сарироҳӣ ба ҳалокат расидаанд.


Дар ин байн НАТО гуфтааст, дар амалиёте дар ҷануби Афғонистон як сарбози бритониёӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG