Пайвандҳои дастрасӣ

Буш Райс ва Гейтсро ба Ховари Миёна мефиристад


Ҷорҷ Буш, президенти ИМА гуфт, дар моҳи август вазирони умури хориҷӣ ва дифоъро ба Ховари Миёна мефиристад, то пуштибонии васеътарро аз ҳукумати Ироқ фароҳам оранд.


Буш дар нишасти хабарӣ дар Кохи сафед гуфт, сафари муштараки Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс ҳамчунин аломати пуштибонии Амрико аз ислоҳоти демократӣ дар минтақа хоҳад буд.


Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки гузориши нав ба фаъолияти ҳукумати Ироқ баҳои омехта додааст. Аммо, Буш гуфт, ИМ ҳанӯз ҳам метавонад, дар Ироқ комёб гардад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG